阴中求阳是什么意思| 生育能力检查挂什么科| 青色是什么色| 中央党校什么级别| 法国铁塔叫什么名字| 酸菜鱼可以放什么配菜| 大腿外侧麻木是什么原因| 器质性心脏病是什么意思| miko是什么意思| 女人什么时候容易怀孕| 胆大包天是什么生肖| 手上长疣是什么原因造成的| 3的倒数是什么| 起什么转什么成语| 6月30号是什么星座| 自白是什么意思| 什么汤是清热去火的| 五粮液什么香型| 肌酐低是什么问题| us是什么单位| 葡萄糖是什么| 胎儿左侧侧脑室增宽的原因是什么| 咏柳是什么意思| 97年的牛是什么命| 眼镜框什么材质的好| 火车动车高铁有什么区别| 做梦梦见自己生孩子是什么意思| kim是什么意思| 哦买噶什么意思| 梅毒吃什么药最好| 肝红素高是什么原因| 买什么样的老花镜好| 直肠增生性的息肉是什么意思| 儿童肠系膜淋巴结炎吃什么药| 什么晚霜比较好用| 辣条是什么意思| 小便发黄是什么原因引起的| 打喷嚏预示什么| 倒挂金钩什么意思| 什么的月光| 尾椎骨疼是什么原因| 日记可以写什么| 年年有今日岁岁有今朝什么意思| 护肝吃什么好| 什么人容易得精神病| 什么的风筝| 纪念什么意思| 泡什么喝可以降血糖| 阳瘘的最佳治疗方法是什么| spa是什么| 胃有问题挂什么科| 什么原因导致胎停| ber是什么意思| 一步之遥是什么意思| 什么是润年| 最后一个出场叫什么| 人体缺少蛋白质会有什么症状| 爬是什么结构| 季度是什么意思| 梦见大蜈蚣是什么预兆| 从革是什么意思| 中午吃什么减肥| 晚上八点半是什么时辰| 盆腔炎用什么药好| 屋后有坟有什么影响吗| tct检查是什么检查| 生化是检查什么的| 土豆炒什么好吃| 无创是什么| 同房后为什么会出血| 女人得性疾病什么症状| 正司级是什么级别| 梅毒的病原体是什么| 唯美什么意思| 射手座是什么星座| 元气是什么意思| 胃部检查除了胃镜还有什么方法| 牙根疼吃什么药| 阿胶配什么吃不上火| 甲状腺球蛋白低是什么意思| ad和d3有什么区别| 丝瓜和什么相克| 腰穿是什么意思| 豺狼虎豹为什么豺第一| 智利说什么语言| 偏头疼是什么症状| 什么药可以延长射精| 女人胸疼是什么原因| 吃西瓜有什么好处| 头皮毛囊炎用什么药| 狗狗体内驱虫用什么药最好| 老人流口水是什么原因| 梦见烧衣服什么预兆| 化疗期间吃什么最好| 陆地上最大的动物是什么| 三国演义是什么朝代| 补办手机卡需要什么| vsop是什么酒| 98属什么| 刺激性干咳是什么症状| 太阳穴痛是什么原因| 马为什么不怕蛇毒| 什么食物养肝护肝最好| ab型血可以输什么血| 且慢是什么意思| 为什么医生爱开喜炎平| 肠镜什么情况下取活检| 吃完饭恶心想吐是什么原因| 猫的胡须是干什么用的| 肾病什么东西不能吃| cll是什么意思| bgm是什么意思| iris是什么意思啊| 新陈代谢慢是什么原因| 白手套什么意思| 恶心想吐肚子疼是什么原因| 女人吃什么新陈代谢快| 交界性心律是什么意思| 三伏天晒背有什么好处| 大宗物品是什么意思| 宝宝照蓝光有什么副作用| 血燕是什么| 后果自负是什么意思| 吴亦凡什么学历| bp在医学上是什么意思| 什么不止| 德行是什么意思| 势在必得是什么意思| 防代表什么生肖| 氧化氢是什么| 网名取什么好听| 总是拉肚子是什么原因| 拍脑部ct挂什么科| 发质硬适合什么发型| tdp是什么| 肚子疼吃什么药好| 七月什么星座| 甲状腺偏高有什么影响| 脸为什么容易红| my什么牌子| 心梗什么症状| 什么动物没有尾巴| 泡汤是什么意思| 怡字五行属什么的| 腹部疼挂什么科| 芥末是什么| 左眼皮一直跳是什么意思| adh医学上是什么意思| 老人吃饭老是噎着是什么原因| 房东是什么意思| 简称是什么意思| 丝瓜炒什么好吃| 做梦死人了是什么征兆| 血小板过低有什么危害| 便秘喝什么| 单身领养孩子需要什么条件| 尿频吃什么药效果最好| 什么气什么现| 仲夏夜是什么时候| 梦到老公被蛇咬是什么意思| 蜂蜜吃有什么好处| 鸡肉和什么菜搭配最好| 尿量少是什么原因| 吃西瓜有什么坏处| 什么情况需要打狂犬疫苗| 安宫牛黄丸为什么那么贵| 中央电视台台长是什么级别| 不作为是什么意思| 尚书是什么官职| 血糖高不能吃什么食物| 月经总推迟是什么原因| 女人吃芡实有什么好处| yq是什么意思| 7月27号是什么星座| 1964年什么命| 自私自利是什么意思| mcu是什么| 红螺寺求什么最灵验| 腰脱什么症状| 怕冷的女人是什么原因| 什么是半月板损伤| 伤官见官什么意思| 尿隐血是什么问题| 21速和24速有什么区别| 容貌是什么意思| 驿什么意思| 什么颜色的包包招财并聚财| 中医是什么| 月经来前有什么征兆| 心五行属性是什么| 为什么屁股上会长痘| 狗咬到什么程度需要打针| 五金店卖什么| 万亿后面是什么单位| 相见不如怀念是什么意思| 四个火字念什么| 证候是什么意思| 211大学是什么意思| 不善言辞是什么意思| 鸡蛋清敷脸有什么好处和坏处| 牛肉用什么炒好吃| 海龟吃什么| 猫爪草有什么功效| 流氓是什么意思| 子宫复旧是什么意思| 红蜘蛛用什么药最有效| 6月3日什么星座| 迪根是什么药| 什么是二次元| 红颜薄命的意思是什么| 小狗拉稀 吃什么药| 赖是什么意思| 云的五行属性是什么| 气什么意思| 树欲静而风不止是什么意思| 炖鱼放什么调料| 梨子什么时候成熟| 出虚汗吃什么药| 拔罐后要注意什么| 偏头疼是什么原因引起| 伊朗是什么民族| 湿疹是什么症状及图片| 氢化油是什么东西| 咖啡与什么食物相克| 巡抚相当于现在的什么官| 漏尿是什么原因引起的| 蹄花是什么| NT是检查什么的| 烂好人是什么意思| 平安夜做什么| 白带发黄是什么妇科病| 编外人员是什么意思| 等着我为什么停播了| 袁字五行属什么| 吃什么能补血| 林黛玉是什么病| 舅舅是什么关系| 子时是什么时间| 花椒木有什么作用与功效| 煤气罐为什么会爆炸| 藕什么季节成熟| 护士一般是什么学历| 同人是什么意思| 茉莉花什么时候开花| 邦字五行属什么| 小孩老咳嗽是什么原因| 吴亦凡属什么生肖| 刺梨根泡酒有什么功效| 国安局是干什么的| 金克什么| 人中长代表什么| 本是同根生相煎何太急是什么意思| 梦见蔬菜是什么预兆| 小白和兽神什么关系| 腋毛上有白色附着物是什么| 腹水是什么原因引起的| 结局be是什么意思| 猪肝色是什么颜色| 化学学什么| 做什么检查确诊是白塞| ntr是什么意思啊| 九转大肠是什么菜系| 豆米是什么| 什么的母鸡| 百度Jump to content

离职潮继续 福特首席品牌官辞职

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Австрия
Republik ?sterreich
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди милл?: ?[[Суруди миллии Австрия|Land der Berge, Land am Strome
]]?
Р?зи исти?лолият
Забони расм? Забони олмон?
Пойтахт Вена
Ша?ри калонтарин Вена, Залтсбург, Линс, Грас, Инсбрук
Идораи давлат ?ум?урии федеративии порлумон?
Масо?ат
  ? ?амаг?
  ? Фоизи об.
113-ум ?ой дар ?a?он
83 879 км2
1,7 %
А?ол?
  ? ?амаг?
  ? Зич?
97-ум ?ой дар ?a?он
8 823 054 нафар
102,1 нафар/км2
ММД
  ? ?амаг?
  ? Ба сари а?ол?
-ум ?ой дар ?a?он
493,2 млрд $
55 406 $
Дини давлат? {{{Дини давлат?}}}
Пули милл? евро
Интернет-Домен .at, .eu (?амчун узви ИА)
Коди телефон +43
Соат UTC +1 +2
Имр?з ?исми {{{Имр?з}}}
百度 相比之下,美国尽管频频提醒沙特,并给出多项解决方案,但是都被沙特否决,无论是作为卖家还是盟友,美国也算是仁至义尽了。


А?встрия (олмон?: ?sterreich [???st???a??] (г?ш кардан )), ?ум?у?рии Австрия(олмон?: ?sterreich ?sterreichische Republik) — давлат дар Аврупои Марказ?. Узви Итти?оди Аврупо (аз соли 1995). Бо Олмон, Чехия, Словакия, Ма?ористон, Словения, Итолиё, Суис ва Лихтенштейн ?амсар?ад аст. Масо?аташ 83858 км2. А?олиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — ша?ри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии муста?ил: Бургенланд, Утриши Боло?, Утриши Поён?, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ?и?ати маъмур? ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — р?зи ?абули ?онуни Конститутсионии федерал? (1955) дар бораи бетарафии доим? — Иди миллии ?ум?урии Утриш. Во?иди пул? — евро (то соли 2001 — шиллинги утриш?).

Сохти давлатии Австрия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Утриш ?ум?урии федератив?, порлумон? мебошад. Сардори давлат — президенти федерал?, ки дар асоси раъйпурсии умумихал?? ба му?лати 6 сол интихоб мешавад (?у?у?и як бор аз нав интихоб шудан дорад). Ма?оми олии ?онунбарори ?окимият — порлумони дупалатаг?: Ш?рои милл? — Натсионалрат, ки дар ?айати 183 намоянда ба му?лати 4 сол ва Ш?рои федерал? — Бундесрат, ки дар ?айати 63 намоянда ба му?лати 4 — 6 сол (вобаста ба му?лати ваколаташон) аз ?ониби ландтаг?о (порлумон?ои мулк?) интихоб мешаванд. ?окимияти и?роияро президенти федерал? ва ?укумати федерал? (сарвараш — канслери федерал?), дар ма?ал?о ландтаг?о ба ?о меоваранд. ?ар кадом мулки федерал? конститутсия, ландтаг ва ?укумати худро дорад. ?окимияти суд? аз Суди ол?, Суди административ? (маъмур?) ва Суди конститутсион? иборат аст. Утриш узви СММ, Бонки Умуми?а?он?, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Комиссияи Дунай аст. Аз 25 марти 1992 бо То?икистон муносибат?ои дипломат? дорад. Барои пешбурди ?амкори?ои и?тисодиву ти?оратии байни То?икистон ва Утриш Комиссияи байни?укумат? таъсис дода шудааст.

Табиати Утриш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Утриш як кишвари к??сор аст. Та?рибан 3/4 сат?и Утришро риштак???ои Алпи Шар?? (60 %) иш?ол кардаанд. Алпи О?аксангии Шимол? аз шимоли Форарлберг ва Тирол (як?оя бо но?ия?ои ?анубии Залтсбург ва Утриши Боло?) то мавзеъи Бешазор?ои Венро фаро гирифтааст (?уллаи баландтаринаш Гросглокнер, 3797 м). 1/5 ?исмашро водии Дунай ва но?ия?ои пасту ?амвори Штирия ва Бургенланд, бо?имондаи онро к???ои начандон баланди массиви Богем фаро гирифтаанд. И?лими ?амвори?о ва доманаи к???о континентии м?ътадил, дар ?. сернамтар аст. ?арор. миёнаи январ аз ?1°С то ?4°С, июл аз 15°С то 18°С; дар ?. то 25 — 27°С. Боришоти солона — 500—900 мм, дар к???о — 1500—2000 мм. ?исми асосии ?удуди Утришро ба ?авзаи Дунай (ягона дарёи киштигард, дар хоки Утриш 350 км) ва инти?ои он (дар ?арб) ба ?авзаи Рейн мансуб аст. Аз баланди?ои 2700 м минта?а?ои яху барф?ои доим? сар мешаванд. Масо?ати умумии пирях?о ба 600 км2 мерасад. Дар Утртш наздики 580 к?ли пайдоишашон пирях? (масо?ати умумиашон 400 км2) ?аст. 38%-и масо?ати Утриш бешазор аст. Дар баландии аз 2000 то 2700 — 3000 м мар?зор?ои алп? во?еъ шудаанд. ?абати набототии (рустан?) табииро инсон хеле та?йир додааст. То баландии 600—800 м байни дарахтзорон замин?ои кишт ва аз он боло бешазорони анб?? ба назар мерасанд. Дар минта?аи бешазор, асосан дар мамн?ъго??о ва дар баландк???о, хел?ои нодири ?айвон?ои мансуби Урупо: шо?гавазн, гавазн, о?у, хирс, гуроз, у?оби к???, су?ури алп?, бузи к???, р?бо?, гурбаи ва?ш? бо?? мондаанд. Дар Утриш ба масъалаи ?ифзи му?ити зист а?амияти ни?оят ?идд? меди?анд. Дар ин бора ?онун?ои ?отеъ ?абул шудаанд (сат?и зарарнокии партов?о нисбати диг. кишвар?о пасттар му?аррар шудааст, барои безараргардонии он?о чора?ои зиёд дида мешавад). Дар Утриш 40 мамн?ъго?, парк?ои милл?, минта?а?ои ?ифзшаванда мав?уданд (бештарашон дар к???ои Алп, бкзургтарини он?о — Тауэрн, 800 км2 ; Нокберге, 216 км2).

Шумори а?ол?

[вироиш | вироиши манбаъ]

98%-и а?ол? — утриши?о, 0,3 % — хорват?о, 0,2 % — словенияги?о, чех?о, румин?о, ма?ор?о, словак?о, л?ли?о ва ?айра Нишонаи миёнаи умр — 79 сол (76 — мард?о, 82 — зан?о), тарокуми мутавассаити ?амъият 97,5 нафар дар 1 км2, суръати миёнаи афзоиши ?амъияти Утриш — 0,14 %. А?олии ша?рнишин — 68 %. Забони давлат? — олмон?, 74 % а?ол? — католик?о, 5 % — протестант?о, 4,2 % — мусалмон?о, 6,5 % — м?ъта?идони дин?ои дигар. ?амаг? 12 намуд дин, аз ?умла 3 ?азор сик ба ?айд гирифта шудаанд. Бузургтарин ташкилоти динии мамлакат — Калисои католикии Рум (71 % а?ол?). Сол?ои 90 ?арни 20 ?амъияти Утриш аз ?исоби му?о?ирони Босния, Герсоговина, Хорватия, Сербистон, Туркия, Ма?ористон, Ла?истон ва Руминия зиёд гардид. Бештари а?ол? (70 %) дар ?авзаи Вена, води?ои Дунай ва Рейн, ?амвори?ои Штирияю Бургенланд зиндаг? мекунанд. Ша?р?ои бузургтарини Утриш: Вен, Гратс, Линтс, Залтсбург, Инсбрук.

?удуди Утриш аз давраи палеолит маскун шудааст. Асри бирин?? бо бозёфт?ои археологии ?абила?ои иллир? ва ибтидои. асри о?ан бо нум?и тамаддуни Галштат муарриф? шудааст. Дар ?удуди ?озираи Каринтия ?абилаи иллири?о давлати келт?оро бо номи Норик таъсис доданд. Аз охири садаи I то м. то садаи V м дар ?айати давлати ?уломдории Рум буд. Дар ин а?д ро??о сохта шуда, ша?р?ои Виндобона (Вена), Ювавум (Залтсбург) ва ?айра таъсис ёфтанд. Дар давраи Му?о?ирати бузурги хал??о дар хоки Утриш ?абила?ои герман? (асосан бавар?о) ва славян?о (асосан словен?о) сокин буданд, ки дертар аз он?о хал?и Утриш ташаккул ёфт. Ба ?исми шар?ии Утриш авар?о ва ма?ор?о беист тохтутоз мекарданд. Дар охири садаи VIII замин?ои Утриш ба ?айати давлати Франк?о ва баъди пароканда шудани он (843) ба шо?игарии Франки Шар?? (Германия) дохил шуданд. Дар Ш. ин сарзамин, ки онро охири садаи VIII императори Франк?о Карли Кабир аз авар?о кашида гирифт, Маркаи Авар, баъдтар Маркаи Шар?ии Бавария (маш?ур ба Маркграфии А.) ташкил ёфт. Дар садаи X, ?ангоми ?укмронии маркграф?ои сулолаи Бабенберг?о (976—1246) ин ?удуд Утриш (Osterreich), яъне ?вилояти шар??? ном гирифт. Соли таъсиси давлати Утришро 1156 (ва?те герсогигарии муста?ил дар ?айати империяи Рум шуд) ме?исобанд. Герсог?ои Утриш ба мулки худ Штирия, Каринтия, Крайна, Тирол, Форарлбергро ?амро? карданд. Аз соли 1282 ?укмронии сулолаи Габсбург?о сар шуд (он то соли 1918 давом дошт). Габсбург?о нияти тамоми Европаро та?ти ?окимияти амалии хеш ва ?окимияти маънавии Папаи Рум дар империяи ягонаи феодалию католикии фав?улмилл? мутта?ид кардан доштанд. Вале ландтаг?ои мулк?ои муста?ил (намояндагони сулола байни худ та?сим карда буданд) ?еч ба ?ам намеомаданд. Ин итти?од тан?о дар а?ди Максимилиани I (?окими Утриш аз соли 1493, 1508 — 19 — император) муяссар гардид ва дар нати?аи нико??ои сулолав? ба Утриш сарзамини Бургундия (Нидерланд?о), Испания бо мустамлика?ояш, Богемия (Чехия) ва Венгрия ?амро? гардиданд. Дар а?ди наберагони Максимилиани I — Карли V ва Фердинанди I сулолаи Габсбург?о асосгузори ду шохаи ?укмрон? — испан? ва утриш? шуданд. Аз охири садаи XV дар Утриш аввалин муносибат?ои капиталист? сурат гирифтанд. Утриш, ки кандани?ои зиёди зеризамин? дошт, маркази саноати к??кории Европа гардид. ?аракат?ои хал?? ба му?обили калисои католик?, муборизаи зиддифеодалии де??онон (1594 — 1597) дар Утриши Боло? ва Поён? ва Тирол (Чехия ва Венгрияи ?арб?; 1626) ба сиёсати империявии Габсбург?о зарбаи нахустин зад, ки ин ба ?удошавии давлат?ои протестант? сабаб шуд. К?шиши Габсбург?о дар ро?и бар?арор кардани католитсизм (протестантизми ?укмрон дар Чехия ва Венгрияро пахш карда) дар садаи XVII боиси ?анги сисолаи (1618 — 1648) умумиаврупо? гардид ва дар нати?аи он сиёсати империяв? — католикии Габсбург?о шикаст х?рда, гегемонияи он?о дар Европа ба охир расид. Охири садаи XVII ва ибтидои садаи XVIII ?окимияти Габсбург?о бо Имперотурии Усмон? ва Франсия ?анг?о карда, аз нав ?удрат гирифт. Дар ?анги му?обили Имперотурии Усмон? (1683 — 1699) ва ?анг барои та?сими мероси Испания сулола ба ?исми зиёди Венгрия, Хорватия, Трансилвания, ?исми ?анубии Нидерландия (Белгия), баъзе ?исм?ои Италия, Банат, Словения, Босния, Полша ва Буковина со?иб гашт. Дар ибтидои садаи XVIII империяи Габсбург?о му?тадиртарин дар Европа буд. ?анг барои тахту то?и Утриш (1740 — 48 ва 1756 — 63 — ?анги ?афтсола) ба су?ути и?тисодию сиёс? оварда расонд. Барои бе? кардани ?олат дар а?ди духтари Карли VI Мария Терезия (1740 — 80) ва писари ? Иосифи II як ?атор исло?от гузаронида шуданд (?ор? кардани гумруки ягона, ташкили мануфактура?о, та?кими хо?аги?ои де??он?, такмили маориф, ?ор? кардани та?аммулпазир?, озод кардани де??онон аз ма?бурият?о ва андоз?ои гарон, ма?дуд кардани ?у?у??ои калисои католик?, ?ор? кардани забони ягонаи немис? дар тамоми ?аламрав ва ?айра). Ин ?ама норозигии мухолифинро ба ву?уд овард (ин?илоби Брабант, 1789 — 90). Таъсири ?оя?ои Ин?илоби Франсия, шикаст дар ?анг?ои зидди Италия ва Германия (1796 — 1797 ва 1800 — 1801) ба сиёсати дохиливу хори?ии империяи Утриш таъсири ами? расонд. Худро ?Императори Утриш? эълон кардани Франси II (1804) ва аз ?ониби ? та?ти фишори Наполеони I бар?ам додани империяи Рими Му?аддас (1806) барои мутта?идшавии замин?ои Габсбург?о а?амияти калон дошт. Баъди ма?лубияти Франсия Утриш пур?увват гардид, ба он ?исми зиёди мулк?ои аз дастрафтааш баргардонда шуд. Баъди ба сари ?удрат омадани К. Меттерних (вазири кор?ои хори?? аз соли 1809, канслер — 1821 — 24) сиёсати берунии империя та?йир ёфт. ? нуфузи Утришро пойдор ва дар Итти?оди Германия барои кишвар на?ши арзандаро таъмин кард. Император Франс Иосифи I (1848—1916) сол?ои 1850 — 60 к?шиш кард, ки давлатро мутамарказ намояд, пули ягона, системаи гумрукии ягона ва ?увва?ои ?арбии ягона ташкил кунад, аммо ?амаи ин ва махсусан к?шиши германикунонии ? норозигии миллат?ои дигари империяро ба ву?уд овард. ? ма?бур шуд сохти конститутсион??ор? кунад ва парламенти дупалатаг? — рейхсрат таъсис ди?ад. Аммо ба ин венгер?о ва славян?о зид баромаданд. Зарба?о дар со?аи сиёсати берун?, бад шудани муносибат бо Россия, ?анг бо шо?игарии Сардиния ва Франсия, Пруссия ва Италия мутла?ияти давлати Габсбург?оро бар?ам зад ва империяи ягона ба мутла?ияти дугона, давлати дуалистии конститутсионии Утриш-Венгрия (созишномаи соли 1867) — монархияи Утриш-Венгрия (А.-В.) табдил ёфт. Нуфузи Венгрия норозигии миллат?ои дигар, махсусан чех?оро бедор кард. Он?о талаб мекарданд, ки ба Чехия ?ам ?у?у??ое, ки Венгрия дорад, дода шавад. Б??рони соли 1873 сиёсати и?тимоии ?авиро та?озо мекард. Ин муддат дар Утриш марксизм васеъ па?н мешавад. Соли 1848 дар Утриш ин?илоби буржуазии демократ? сар зад. Бо ву?уди шикаст х?рдани он баъзе дастовард?о бо?? монданд. Исло?оти аграр? (бар?ам додани баршина, оброк ва ?айра) барои тара??ии капитализм замина фаро?ам овард. Вале соли 1867 баъди ташкил шудани Иттифо?и Германияи Шимол? мутла?ияти Габсбург?о мав?еи давлати бузургро аз даст дод. Бар ивази либерализми мав?еъбохта пайдо шудани ?аркат?ои нав — ?аракати милл?, сотсиал-демократ?, христиан?-сотсиал? ва махсусан таъсиси ?изби сотсиал-демократии Утриш (1888 — 89) ба?ри мубориза барои ?у?у??о (махсусан ?у?у?и интихобот) замина ба ву?уд оварданд. Дар ибтидои садаи XX дар А.-В. ?аракати коргар? ав? гирифт. Азбаски сиёсати хори?ии Австро-Венгрия аз пурз?ршавии ?асби Балкан иборат буд, Утриш соли 1908 Босния ва Гертсоговинаро ба худ ?амро? кард. Соли 1891 ?изби христиан?-сотсиал? чун тар?ибгари ?католисизми и?тимо?? таъсис ёфт. Ин ?изби майдабуржуаз? то соли 1907 корпуси асосии интихобкунандагон буда, дар интихобот ?алабаи пайравонашро таъмин мекард. Утриш 28 июли 1914 ба Сербия, 6 август ба Россия ?анг эълон карда, ?амчун иттифо?чии Германия ба ?анги якуми ?а?он? дохил шуд. Бо баста шудани Иттифо?и сегона бо Германия ва Италия ?ан?з соли 1882 Австро-Венгрия ба ма?рои сиёсати берунии Германия афтода буд. Ба ?асби Балкан ?ам Австро-Венгрияро Германия водор карда, зиддияти ?ро бо Россия ва Сербия шиддат гиронд. Акнун ба Иттифо?и сегона блоки рус?-англис?-франсавии Антанта му?обил гузошта шуда, ин ?анг о?оз гардид. Ма?лубият дар фронт?о, б??рони и?тисод? ва сиёс? дар дохили мамлакат, таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр боиси корпартоии умум? гардиданд (январи 1918). Октябр — ноябри 1918 дар А.-В. Ин?илоби буржуаз?-демократ? ?алаба кард. Императори охирини Австро-Венгрия Карли I аз тахт даст кашид. 12 ноябр Утриш республика эълон шуд. Давлати Габсбург?о ба якчанд давлати муста?ил ?удо шуд (Венгрия, Чехословакия; як ?исми ?удуди соби? Австро-Венрия ба Полша, Руминия ва Югославия гузашт). Республикаи Утриш, ки як ?исми империяи футуррафта буду ?удуди сар?адии да?и? надошт ва аз ?анг хеле заъиф шуда буд, ро?и душвори худмуайянкуниро паси сар мекард. Бисёре аз ?увва?ои сиёс? ба пойдор мондани Утриш бовар надоштанд. Сотсиалдемократ?ои сари ?удратомада (сардори ?укумат К. Реннер) барои халос шудан аз о?ибат?ои ?анг, гуруснагии зимистон?ои 1918 — 1919 ва 1919 — 1920, инфлятсия ва бекор? дар масъала?ои ?ифзи и?тимо? ва бе? кардани вазъи за?маткашон як ?атор чора?о андешид. ?изби христиан?-сотсиалии соли 1942 ба сари давлатомада (сарвараш Й. Зайпел) низ прото-кол?ои Женеваро оид ба ?афо партофтани ?уброни зарари ?анг?о ва дода шудани ?арз ба андозаи 650 млн крони тило? ба Утриш ба имзо расонда, вазъи мамлакатро бе?тар кард. Аммо зиддияти ду ?изби му?тадири Утриш — ?изби сотсиал-демократ? бо ташкилоти Шутстбунд ва христиан?-сотсиал? бо ташкилоти Хаймвер, ки ?ар яке ?увва?ои мусалла?и худро доштанд, дар Вена июли соли 1927 зидди ?ам бархостанд ва дар он зиддият баромади коргар?о пахш карда шуд. Мо?и майи 1930 Хаймвер аз демократия р?й гардонда, бо доира?ои фашист? забон як кард. Б??рони и?тисодии ?а?онии сол?ои 1929 — 33 ?олати и?тисод? ва сиёсию и?тимоии Утришро бадтар кард. Соли 1932 ба сари ?оки-мият намояндаи ?изби христиан?-сотсиал? Э. Долфус омада, парламентро пароканда, озодии матбуот ва гирди?амои?оро бекор, фаъолияти ?изби коммунистиро манъ кард. Режими нав аз ?ониби Италияи фашист? дастгир? мешуд. Феврали 1934, ва?те ки отряд?ои Хаймвер мехостанд аъзои Шутстбунди парокандашударо беяро? кунанд, коргарони Вена, Линтс ва дигар ша?р?о ба он?о му?обилияти мусалла?она нишон доданд. Ш?ришгарон бера?мона торумор шуданд, фаъолияти ?изби сотсиал-демократии Утриш манъ шуд. Дар мамлакат фашизми утриш? ?олиб гардид. Конститутсияи нави майи 1934 ?абулшуда ба ?укмронии авторитар? асос ёфта буд. Тан?о як ?изб — ?Фронти милл?? и?озати фаъолият дошт. Июли 1936, баъди кушта шудани Долфус аз ?ониби миллатчиёни сотсиалист, ?укумати канслери нав К. Шушниг бо Германия шартнома баст ва мувофи?и он Утриш расман со?ибисти?лол буд, вале амалан пайрави сиёсати Германияи гитлер? гардид. Феврали 1938 Гитлер аз Шушниг ?атъ? талаб кард, ки сарвари натсистони А. Зейс — Инкбарт ба ?айати ?укумат ворид карда шавад. Шушниг 13 март дар масъалаи аншлюс (?асби Утриш аз ?ониби Германия) ё исти?лоли Утриш раъйпурсии умум? эълон кард. Аммо Гитлер раъйпурсиро бекор ва Шушнигро аз вазифа дур кард. Шаби 12 марти 1938 ??шун?ои Гитлер ба Утриш даромаданд ва он ба рейхи Германия ?амро? карда шуд. Дар давоми 7 сол Утриш музофоти Германияи натсист? буд. Фашизми Германия дар рафти ?анги дуюми ?а?он? аз захира?ои бойи Утриш истифода бурд. Бештар аз 1,5 млн утриши?о ба ??шун?ои фашист? сафарбар шуданд. ?азор?о нафар мардуми Утриш ?урбони террори фашист? гардиданд. Айни замон коммунистон ва гур???ои сиёсии дигар муборизаи пин?онии зиддифашист? мебурданд, вале ?аракати Му?обилат оммав? нагардид. Соли 1943 дар Москва, дар ?аласаи вазирони кор?ои хори?ии давлат?ои аъзои (паймони) зиддигитлер? — СССР, ШМА ва Британияи Кабир оид ба А. Эъломия ба имзо расонданд. Дар он гуфта шудааст, ки се давлат мехо?анд Утришро бар?ароршуда, озод ва со?ибисти?лол бинанд. Марти 1945 ??шун?ои совет? аз сар?ади Утриш гузаштанд ва 13 апрели 1945 Венаро озод карданд. Утриш ба чор минта?а: совет?, америко?, англис? ва франсав??удо карда шуд. Дар ?удуди Утриш ба фаъолияти ?изб?ои сиёс? и?озат дода шуд. Апрели 1945 дар Вена ?укумати Мува??атии Утриш (бо сарварии Реннер) ташкил ёфт. ?окимияти Ол? дар дасти Ш?рои иттифо?чиён буд (иборат аз 4 Комиссари олии ча?ор кишвари иш?олгар). Утриш дубора Республика эълон шуд. Соли 1948 ?укумат барои иштирок дар На?шаи Маршалл созишнома имзо кард, ки ин барои бе?тар намудани вазъи и?тисод? зарур буд. ?иноят-корони ?арб? ма? кум ва соби? аъзои ?изби натсист? аз вазифа озод карда мешуданд. ?укумат баъди интихоботи парламенти соли 1949 аз ?изби хал?ии Утриш ва ?изби сотсиалистии Утриш ба хотири пешрафт ?коалитсияи калон? таъсис дод. ?укумати Совет? сол?ои 1953 — 54 барои сабук кардани тартиботи иш?ол? дар Утриш як ?атор тадбир?о андешид. 15 майи 1955 бо ташаббуси Иттифо?и Совет? дар Вена намояндагони И?ШС, ШМА, Англия, Франсия ва Утриш дар бораи бар?арор кардани Утриши муста?ил ва демократ? ба Шартномаи давлат? имзо карданд ва мувофи?и он истилои Утриш аз байн бардошта шуд. 26 октябри 1955 парламенти Утриш дар бораи бетарафии доимии Утриш ?онуни конститутсион? ?абул кард. Вай мувофи?и ин ?онун у?дадор шуд, ки ба ?еч гуна иттифо?и ?арб? дохил намешавад ва дар ?удуди худ ба барпо кардани база?ои ?арбии хори?? ро? намеди?ад. Шартномаи давлат? Утришро ?амчун давлати со?ибихтиёри муста?ил ва демократ? бар?арор кард. Мамлакат?ое, ки ба Шартномаи давлат? имзо карданд, у?дадор шуданд, ки исти?лол ва якпорчагии ?удуди Утришро эътироф мекунанд. Сиёсати бетарафии доимии Утришро бештари давлат?ои дунё му?тарам мешуморанд. Утриш соли 1957 Созишномаи европоии ?ифзи ?у?у?и инсонро имзо кард. Сол?ои 60 садаи XX давраи рушди и?тисодиёт ва болоравии сат?и зиндагии ?ама ?ишр?ои а?ол? буд. Баъди интихоботи соли 1966 ?изби хал?ии Утриш (?ХА) ба ташкили ?укумати як?изб? ноил шуд. Дар зарфи 13 соли ?укмронии ?изби сотсиалистии Утриш (?СА) та?ти сарварии Б. Крайский, ки дар интихоботи соли 1970 ?олиб омада буд, дар со?аи и?тисод, ?у?у?, ?онунбарории и?тимо?, маориф ва ?айра та?аввулот э?сос шуд. Утриш дар миёнаи сол?ои 70 садаи XX ба б??рони энергетик? гирифтор шуд. Барои баланд нарафтани сат?и бекор? ва оромии и?тимо??укумат ба баровардани вомбарг р? овард ва ?арзи давлатиро зиёд кард. Аз соли 1977 мушкилоти и?тисод? бештар шуд. Дар як ?атор кашмакаш?ои сиёс?, ки ба он сотсиалистон ?амро? буданд, обр?и ?СА коста гардид ва он дар интихоботи соли 1983 ?алаба накард. ?укумати нави коалитсион? боз бо ?амдастии ду ?изб — ?СА ва ?ХА то соли 2000-ум фаъолият кард. Дар ин давра рушди и?тисод, ?алби инвеститсия, болоравии шу?ли а?ол? назаррас буд. Вобаста ба та?йироти куллии дар тамоми Европа ба амаломада, сол?ои 1980 — 90 сиёсати бетарафии Утриш бештар мавриди ба?с ?арор гирифт. Баъзе сиёсатмадорон тарафдори ворид шудани Утриш ба НАТО мебошанд. Аммо ?онуни федералии конститутсионии Утриш оид ба бетарафии доим??онуни амалкунанда аст. Масъалаи му?о?ирон, ки охири сол?ои 90 садаи XX-ум 9%-и а?олиро ташкил медод, низ ба мадди аввал баромад — масалан, эътироз?ои зиддиму?о?иратии ?изби озоди Утриш (?ОА), ки торафт нер? мегирад. Азбаски дар парламенти Утриш ду ?изби му?тадир — ?СА ва ?ХА сол?ои зиёд бартар? доштанд, дар парламенти кишвар шароити нав ба ву?уд омад: дар ин ма?ом се фраксияи гур??и калон — ?СА, ?ХА, ?ОА ва ду гур??и нисбатан хурд (яке ?сабзгароён?) ташкил шуданд. Соли 2000 ?ХА аввалин бор бо ?ОА паймони ?укумат? ташкил дод. Сиёсати берунии Утриш дар чорч?баи ?амраъйии Европа пеш бурда мешавад. Январи 2009 Утриш дар Ш?рои Амнияти Созмони Милали Мутта?ид намояндаи мува??ат? (дар сол?ои 2009 — 10) буд. ?изб?ои асос? ва иттифо??ои касаба: ?изби сотсиалистии Утриш (?СА), ки шомили Интернатсионали сотсиалист? аст; ?изби хал?ии Утриш (?ХА); ?изби озодии Утриш (?ОА). Итти?одияи иттифо??ои касабаи Утриш 14 иттифо?и со?авиро дар бар мегирад. Ма?оми марказии доира?ои расмии и?тисод? — Палатаи федералии и?тисод мебошад.

Та?симоти маъмур?

[вироиш | вироиши манбаъ]

?увва?ои мусалла?. Азбаски Утриш давлати бетараф аст, ?увва?ои мусалла?аш аз ??шун?ои пиёданизоми камшумор ва ?увва?ои ?арбии ?аво? иборат мебошанд. Со?аи мудофиаи милл? зимни и?рои Шартномаи давлатии соли 1955 ?абулкардаи Утриш, ки доштани яро?и ядро?, химияв? ва биологиро манъ мекунад (манъи дигар намуд?ои махсуси сило? соли 1990 бекор карда шудааст), танзим мегардад. Сарвари ?увва?ои мусалла? Инспектори генерал? мебошад, ки та?ти фармони Вазири мудофиаи милл??арор дорад (шахси граждан?, намояндаи ?изби ?укмрон). Синни даъвати ?атм? ба сафи артиш — аз 18-солаг?, кироя — аз 16-солаг?, му?лати хидмат — 6 мо? (аз 2007) муайян шудааст. Сарфи мабла? ба со?аи мудофиа 1,5 млрд доллари амрико? (0,8%-и Ма?м?ъи Ма?сулоти Дохил?).

Утриш мамлакати индуст-риявию аграрии ба дара?аи баланд тара??икардаи Европа мебошад. И?тисодиёти он бо давлат?ои Европаи ?арб? ало?аи зич дорад. ?а?ми ММД 245,5 млрд долларро ташкил меди?ад, ки 33%-и он ба ?иссаи ма?сулоти саноат, 2 % ба кишоварз? ва 65 % ба со?аи хидматрасон? ва дигар со?а?о рост меояд. Яке аз хусусият?ои хоси и?тисодиёти баъди?ангии Утриш аз он иборат буд, ки ?иссаи сектори давлат? дар он мав?еи асосиро иш?ол мекард. Утриш барои дохил шудан ба Итти?оди Европа барномаи васеи хусусигардонии со?а?ои саноатиро ?абул кард, ки он ба ?алб намудани инвеститсия?ои хори?? имкон дод. ?оло дар Утриш 1,5 млн тона нефт, 1,5 млрд м3 гази таби?, ?ариб 1,5 млн т ангишти сиё?тоб, зиёда аз 2 млн т маъдани о?ан, ?ариб 250 ?азор т ру?у сурб, зиёда аз 1 млн тона магнезит истихро? мекунанд. Дар Утриш 1900 нер?го?и бар?? ба ?исоб гирифта шудааст. Дар Утриш ?амаг? 65 % и?тидори энергетикии захира?ои об? истифода мешавад.

Со?аи саноат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар саноати мамлакат мав?еи мошинсоз? хеле калон аст. Ин со?а зиёда аз 1500 корхона?ои гуногунро мутта?ид сохта, дар он?о 190 ?азор нафар кор мекунанд. Вена маркази бузурги мошинсоз? аст. Саноати химия низ со?аи му?им буда, дорои бештар аз 700 корхона аст ва дар он ?ариб 56 ?азор коргар кор мекунад. Ма?сулоти асосии со?а: дорувор?, нури?ои минерал?, локу ранг, каучуки синтетик? ва ?айра Гарчанде Утриш захира?ои зиёди ?ангал дорад, ма?сулоти хомро барои со?аи коркарди ч?б, исте?соли мебел, ко?азу селлюлоза аз Европаи Шар?? ворид мекунад. Со?а зиёда аз 600 корхона ва ?ариб 50 ?азор нафар коргар дошта, ма?сулоти тайёрро ба Япония, Италия ва Германия содир менамояд. Мав?еи саноати металлург? низ дар и?тисодиёти Утриш бузург аст. Металлургияи сиё? ба исте?соли п?лоди баландсифат махсус гардонида шудааст (соле 4 млн т п?лод ва 3,5 млн т прокат). Линтс, Утриши Боло?, Леобен марказ?ои асосии исте?соли ч?ян ва корго??ои намуд?ои дигари прокат мебошанд. Аз со?а?ои металлургияи ранга ?ойи асосиро исте?соли алюминий иш?ол менамояд. Корхонаи Рансхофен калонтарин муассисаи исте?соли алюминий дар Европаи ?арб? мебошад. Корхона?ои саноати бофандаг? ба исте?соли нахи пахтагин ва нах?ои сунъ?, матоъ?ои пахтаг?, пашм?, синтетик? ва ?олинбоф? тахассус ёфтаанд. Маркази асосии он дар ?ан. Вена — Форарлберг во?еъ буда, асосан аз корхона?ои хурд иборат аст.

Утриш дорои со?аи комплекси агросаноатии ба дара?аи баланд инкишофёфта низ мебошад. Аз тамоми замин?ои кишоварз? (3,5 млн га) киштзор — 40 %, мар?зору чарого? — 57 % ва майдони токзор 1,6%-ро ташкил меди?ад. Дар бахши аграр? зиёда аз 300 ?азор хо?аг? фаъолият дорад. Дар Утриш кооператив?ои хо?агии де?от хеле инкишоф ёфтааст. Чорводор? низ тара??? кардааст: парвариши чорвои калони шохдори зот?, исте?соли г?шт, ма?сулоти г?шту шир?. Кишоварз? бештар дар Шимоли мамлакат риво? ёфтааст. Асосан ?алладона (гандум, ?ав, ?авдор, ?уворимакка), сабзавот, бештар лаблабуи ?анд ва картошка кишт мекунанд. Токзор?о боиси тара??иёти шароббарор? (52 ?азор га, соле 2,34 млн геколитр май исте?сол мекунанд шудааст. Утриши Поён? (60%-и исте?соли умум?), Бургеланд (33 %) ва Штирия (5 %) но?ия?ои асосии со?а мебошанд. И?лими хуби Утриш барои тара??ии бо?дор? (3,2 млн га) мусоид аст. Бештар аз 42%-и масо?ати мамлакат бешазор аст. Соле 13,3 млн м ч?бу тахта тайёр мекунанд.

Шабакаи на?лиёти Утриш яке аз бе?тарин дар Европа ?исоб меёбад. Дарозии умумии хати Ро?и о?ани федерал? — 6,2 ?азор км буда 3,5 ?азор км-и он электронида шудааст. Соле ба воситаи ро?и о?ан зиёда аз 75 млн т бор ва ?ариб 185 млн мусофир кашонида мешавад. Дарозии умумии ро??ои автомобилгард — 200 ?азор км, автомагистрал?о — 1613 км. А?амияти ро??ои о?ани а?ба?ои к???ои Алп бузург аст. Ча?ор а?ба а?амияти транзит? доранд: а?баи Бреннер (дар сар?ади Италия, равуо бо Италия ва Германия), а?баи Земмеринг (?авзаи Венаро бо води?ои Мур ва Мюрте мепайвандад ва то ба Словенияю Италия мерасад); ба воситаи а?ба?ои Фрин ва Тауэрн ро??о ба самти ?анубу шар?? кашида шудаанд. Кушода шудани сар?ад?о дар доираи Итти?оди Европа боиси баландшавии ми?дори на?лиёти транзит? ва бад шудани вазъи эколог? гардид. 55 аэропорти Утриш соле 15 млн мусофир ва 126 ?азор т бор (бе дарназардошти инти?оли почтав?) мекашонанд. Бузургтарин аэропорти А. — Швехат (Вена). Дар Утриш сайрхат?ои велосипед? зиёданд. На?лиёти к??? — фуникулёр, лифт?о, ро??ои сим? низ риво? ёфтааст. Дарозии ро??ои дохилии об? 358 км буда, соле 10 млн т бор ва зиёда аз 500 ?азор мусофир мекашонад. Бандар?ои асосии обии А: Вена, Линтс, Энс, Кремс. На?лиёти ?убур? (?убур?ои газ, нефт ва масоле?и нефт?) соле 14 млрд т-км ма?сулотро инти?ол меди?ад. Робитаи и?тисоди берунаи Утриш: соли 2005 арзиши умумии содирот 83,4 млрд доллар, воридот — 81,6 млрд доллари ШМА-ро ташкил намуд. ?ариб 44%-и содирот ва 40%-и воридот ба ма?сулоти мошинсоз?, та??изот ва лавозимоти на?лиёт, бо?имонда ба ма?сулоти химияв?, ашёю ма?сулоти дигар рост меояд. Зиёда аз 65%-и савдои берунии Утриш бо давлат?ои Итти?оди Европа ба амал бароварда мешавад. Туризм дар и?тисодиёти Утриш а?амияти бузург дорад (9,1%-и ММД), ба Утриш соле зиёда аз 18 млн сайё?они хори?? омада, бештар аз 12 млрд доллар даромад меоваранд. ?оло дар Утриш 70 ?азор ташкилоти миёна ва хурди сайё?? фаъолият доранд ва дар он?о 350 ?азор нафар кор мекунанд. Сол?ои охир бисёр ша?раку де?а?ои Утриш ба курорт?ои бузурги аврупо? табдил ёфта, соби? де?отиён бо со?ибкории со?аи туризм ва ме?монхонадор? маш?уланд. Утриш кишвари анъанавии туризми зимистона ва лижаронии к??? ба шумор меравад. ?ар сол дар к??сори он зиёда аз 8 млн сайё? сайр мекунанд. Дар ?удуди Утриш 8 масдари ба Фе?ристи мероси ?а?онии ЮНЕСКО воридшуда во?еъанд: ансамбли ?асри Шёнбрунн (Вена), марказ?ои таърихии Вена, Залтсбург ва Гратс; аввалин дар ?а?он ро?и о?ани к??ии Земмеринг, водии Вахау, к?ли Нойзидлер-Зе; осори зиёди таърихии санъати меъмор?, калисову дайр?о ва ?айра. Тандуруст?. Ба со?аи тандуруст? дар Утриш 8%-и ММД сарф мешавад. Дар мамлакат 320 беморхона, 36 ?азор духтур ба ?исоб гирифта шудааст, ки 44%-и онро духтурони махсуси со?ав? ташкил меди?анд.

Дар Утриш со?аи маориф бо ?онун?ои махсус танзим мегардад. Ба ин со?а 5,4%-и ММД равона карда мешавад. Дар мамлакат мактаб?о давлат? ва хусусианд. Наздики 10%-и мактаб?ои ибтидоию хусус? ба Калисои католикии Рум тааллу? доранд. Та?сил дар мактаб?ои миёнаи давлат? ройгон аст. Та?сил аз 6-солаг? шур?ъ шуда, 4 сол дар мактаби ибтидо? (Volksschule) ва 5 сол дар мактаби асос? (Hauptschule) ан?ом дода мешавад ва ин маълумоти миёнаи нопурра ?исоб меёбад. Маълумоти миёнаи пурраро хонандагон дар мактаби миёна ё гимназия мегиранд. ?оло дар Утриш ?ариб 4 ?азор мактаби ибтидо? ва 1,9 ?азор мактаби миёна амал мекунад. Дар мамлакат системаи ом?зиши касб? хеле равна? ёфтааст ва муддати та?сил дар он?о 3 сол аст. Маълумоти ол? бештар дар донишкада?ои давлат? дода мешавад ва дар мамлакат 12 донишго?, 6 академияи муси?ию санъат ва колле??о мав?уданд. Калонтарин донишго??о: Донишго??ои Вена (1365), Гратс (1585) ва Инсбрук (1669). Та?сил дар донишго??ои Утриш то соли 2001 ройгон буд, чанд муддат баъди таъсиси муассиса?ои таълимоти олии хусус? пулак? шуд ва аз соли 2009 боз бепул аст. Дониш??ёни хори?? дар як семестр 363,36 евро мабла? месупоранд. Та?сили дониш??ёни раводиди дарозмуддат дошта ва му?ассилини Донишго?и Вена — ша?рвандони Арманистон, Белоруссия, Гур?истон, ?азо?истон, Молдова, Озарбой?он, То?икистон, Украина ва ?збекистон бепул аст. Дар Утриш системаи (шабакаи) махсуси китобхона?ои милл? (наздики 2600 адад) ба ро? монда шудааст. Китобхона?ои калонтарин: Китобхонаи миллии Утриш (наздики 6 млн во?иди хазинав?) 2,6 млн нусха китоб?о — коллексия?ои махсуси ки-тоб?ои нодир, дастхат?о, асар?ои ба забони эсперанто э?одшуда ва ?айра дорад. Китобхона?ои донишго??ои Вена ва Гратс дорои фонд?ои бузурганд. Осорхона?ои асосии мамлакат дар Вена во?еанд: Нигористони Академияи санъати тасвир?, Хазинаи Габсбург?о дар ма?мааи Хоббург (мусаввара?о, сикка?о, сило?, сарулибос, гардуна?о ва ?айра), Осорхонаи соз?ои муси??, Осорхонаи таърихи санъат, Нигористони Албертин (бойтарин дар ?а?он ма?м?и расм?о ва асар?ои график?), Нигористони Белведер (мусаввара?ои бе?тарин), Осорхонаи санъати муосир. Дар Утриш як ?атор осорхона?ои мавз??: санъати барокко, санъати аспсавории испан?, театр, ?арб?, таърихи трамвай, техник? ва ?айра мав?уданд. Музейи давлатии я?удиён дар Эйзенштадт ?анитарин экспозитсияи Европа оид ба таъриху санъати ин хал??исоб меёбад. Дар Утриш музей?ои мемориал? (ёдгор?) зиёданд: музей?ои Л. Бетховен, И. Гайдн, В. Мотсарт, Ф. Шуберт, З. Фрейд, И. Штраус ва ?айра.

Дар Утриш ба инкишофи илм ди??ати махсус дода мешавад. Бо тад?и?оти илм?ои фундаментал? Академияи илм?ои Утриш (соли таъсисаш 1847), донишкада?о, колле??ои махсусгардонидашуда, институт?ои тайёрии касб? маш?уланд. Муассиса?ои маш?ури илмии мамлакат: Институти марказии метеорология ва геодинамика, Институти тад?и?оти геолог?, Институти федералии тад?и?оти со?аи тандуруст?, Агентии федералии тад?и?оти му?ити зист. Институт?о ва марказ?ои тад?и?отии хусус? низ ?астанд. Муассиса?ои тад?и?отии Утриш бо бисёр марказ?ои илмии давлат?ои Итти?оди Европа — Агентии тад?и?оти коинот дар Европа, Ташкилоти европоии тад?и?оти ядро?, Лабораторияи биологияи молекулярии Европа, ЮНЕСКО ва ?айра. равобити илм? дорад. Дар Вена Агентии байналхал?ии энергияи атом (МАГАТЭ) мав?уд аст, ки бо ибтикори он ду лабораторияи илм?-тад?и?отии физикаи ядро? таъсис дода шудааст. Матбуот, радио, телевизион. Дар Утриш матбуоти давр? хеле инкишоф ёфтааст. Р?зе 3 млн нусха р?знома (беш аз 20 номг?й) нашр мешавад; маш?уртаринашон: ?NeveKronenzeitung?, ?Kurier?, ?KleineZeitungGraz?. 2788 ма?алла ба табъ мерасад (аз ?умла, ?DieGanzeWoche?, ?афтавор, 352 ?аз. нусха; ?News?, 276 ?азор нусха). Агентии миллии иттилоот? — Агентии матбуотии Утриш мебошад. Радиошунавон? ва телевизион дар Утриш аз ?ониби Компанияи ?OsterreichischerRundfunk? (ORF) идора мешавад. 163 пойго?и радио, 45 шабакаи телевизионии давлат? ва телевизиони ти?оратии ?ATV? фаъолият доранд.

Адабиёти Утриш садаи XII ба ву?уд омадааст. Адабиёти дин? ба забони лотин? инкишоф меёфт. ?Достони Нибелунг?о? ба давраи нашъунамои маданияти ритсарии Вена тааллу? дорад; дар аср?ои 12 — 13 миннезингер?о (?азалсароёни ритсар?) шу?рат доштанд. Асар?ои Валтер фон дер Фогелвейде (1170—1230) бо суруд?ои хал?? ало?аи ?ав? доштанд. Дар ин давра насри ?авонмард? низ риво? ёфт (?Дар хидмати бону?-и У. фон Лихтенштейн). Дар аср?ои 13 — 14 адабиёти ?а?вии бюргер? пайдо шуд (достон?ои к?то?и ?а?в? — шванка). Шоир, драматург ва муаррих Конрад Тселтис (1439—1508) ифодакунандаи ?оя?ои давраи Э?ё дар адабиёти Утриш гардид. Адабиёти садаи XVI зери таъсири сиёсати Габсбург?о ва католитсизм буд. Дар ин давра мистерия?о ва драма?о бештар дар мавз?ъ?ои дин? гузошта мешуданд. Дар аср?ои 17 — 18 Й. Странитский дар асар?ои худ анъана?ои реалистии театри хал?иро инкишоф меди?ад. Дар охири садаи XIX — аввали садаи XX ба адабиёт ?араён?ои навтарини фалсаф? — махизм ва фрейдизм ро? ёфтанд. ?араёни асосии нимаи аввали садаи XIX романтизм гардид. Романтизми Утриш дар э?одиёти драматург Ф. Грилпарсер хусусияти хоси милл? пайдо кард. Романтизми ин?илоб? дар назми Н. Ленау бештар зо?ир гардид. Пайдоиши реализм дар наср ба сол?ои 50 садаи XIX мансуб аст (роман ва новелла?ои А. Штифтер). Фалсафаи субъективии идеалистии Э. Мах равияи ?модерн?-и Венаро ба ву?уд овард (Г. Бар, П. Алтенберг, Р. Шалкал, Г. Гофманстал, А. Шнитслер). Дар ибтидои садаи XX лирикаи Р. М. Рилке ва Г. Тракл ба ав?и инкишоф расид. Дар давраи ?анги дуюми ?а?он? дар адабиёти Утриш экспрессионизм мав?еи асос? иш?ол кард. Экспрессионист?ои тара??ипарвар дар атрофи Ф. Верфел ва Э. Фридел, экспрессионистони ирти?о? дар атрофи М. Брод ?амъ омаданд. Дар байни ду ?анги ?а?он? э?одиёти пурихтилофи Ф. Кафка, Р. Музил, Г. Брох ва И. Рот инкишоф меёбад. Романи ?а?в? (Э. Канетси, Г. Мейринк) нашъунамо мекунад. Э?одиёти С. Свейг, ки устоди новелла?ои психолог? буд, ба сол?ои 20 садаи XX тааллу? дорад. Дар давраи з?ран ба Германияи фашист??амро? кардани Утриш бисёр нависандагони пеш?адам му?о?ират карданд (Рот, Музил, Свейг, Брох). Адабиёти Утриш баъди аз истилои фашист? озод шудан ба давраи нави инкишоф ?адам ни?од. ?оя?ои пеш?адам дар э?одиёти Б. Фрей, Г. Гуперт, Э. Пристер садо меди?анд. Дар сол?ои 50 — 60 садаи XX насрнависони бома?орат Х. Айзенрайх, Ф. Гумлер, Ф. Каин, шоирон И. Бахман, А. Окопенко, Г. Артман, В. Шмид ба арсаи адабиёт ?адам ни?оданд. Сол?ои 60 садаи XX тамоюл?ои авангард? ав? гирифтанд. Ба ин?илоби идрокии ?авонони ин давр асар?ои Т. Бернхард ва П. Хандке ?амо?анг буданд. Минбаъд ба адабиёти Утриш бештар мавз?ъ?ои шахс?, азият?ои р??ии ?а?рамонон ворид шуданд. Дар охири садаи XX — аввали садаи XXI адибон ба суннату арзиш?о ва анъаноти гузашта р?й меоварданд (К. Райесмар, П. Туррини). Мубориза барои баробарии ?у?у?и занон бо мардон дар насри Б. Фришмут ва Э. Елинек мушо?ида мешавад. Элфрида Елинек соли 2004 со?иби Мукофоти Нобел гардид.

Меъмор?, санъати тасвир?

[вироиш | вироиши манбаъ]

Меъмор?, санъати тасвир? дар Утриш ёдгори?ои санъати давраи ибтидо? (?З??раи виллендорф??, палеолит; тамсилаи гардунаи маданияти давраи галштат, Штирия) ва мансуби маданияти Руми Бостон (бо?имондаи хароба?ои назди Клагенфурт ва Петронел), маданияти асримиёнагии роман? (аср?ои 11 — 13, калисо?ои Гурке ва Зеккау) ва готика (аср?ои 13 — 15, калисои ?омеи Стефани вал? дар Вена) бо?? мондаанд. Дар ин давра?о омезиши маданияти немис?о, италияви?о ва венгер?о мушо?ида мешавад. Маданияти давраи Э?ё, ки садаи XV дар ме?роб?ои калисо (М. Пахер) зу?ур мекард, дар садаи XVI инкишоф ёфт (бино?ои ша?р?о, ?аср?о, му?ассама?ои офаридаи А. Пилграм, мусаввара?ои В. Хубер). Риво?и санъати Утриш ба услуби бароккои аср?ои 17 — 18 ало?аманд аст (меъморон И. Б. Фишер фон Эрлах, Л. Хилдебранд, му?ассамозон Б. Пермозер, Р. Доннер ва дигар). Дар садаи XIX дар меъмор?классисизм ба эклектизм ва на?шу ороиши зо?ир? (Г. Земпер, К. Харенауэр), дар на??ош? ба самимияти романтик? (И. А. Кох, М. Швинтс) иваз мешавад. Дар аср?ои 19 — 20 услуби ?модерн? (меъморон Й. Олбрих, О. Вагнер, Й. Хофман, на??ош Б. Клинт) ба ву?уд омада, баъд дар меъмор? мав?еи худро ба функсионализми замонав? дод (А. Лоз, Й. Франк, Р. Райнер). Дар меъмории муосир бинои Агентии байналхал?ии энергияи атом (МАГАТЭ) ва VienaInternational Center — дар Вена зу?уроти олии ин ?унаранд. Дар на??ош? ва графика реализми тахайюл? (Э. Шилс, О. Кокошка, А. Кубин), дар му?ассамасоз? — абстраксионизм (Ф. Вотруба) инкишоф ёфтанд. Г. Хелнвайн, А. Райнер ва Ф. Хундертвассер рассомони маш?ури ?озира мебошанд.

Муси?? ва театр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусусияти маданияти муси?ии Утриш ба сермиллатии ?айати он ва таъсири маданияти мухталиф, аз ?умла маданияти муси?ии олмон?, чех?, ма?ор?, хорват?, итолиё? ва ?айра вобаста мебошад. Маданияти муси?ии хал?ии Утришро аз ибтидои аср?ои миёна ?офизони оворагард (штилман?о), баъд вагант?о — мактабиён, ро?ибон ва муаллимони калисо?о па?н мекарданд. Нахустин асар?ои бисёровозаи хал?? охири садаи XIV ба миён омадаанд. Дар ибтидои садаи XVI. намоиш?ои оммавии дониш??ён як?оя бо хор ва ра?с ба ?укми анъана медарояд. Сол?ои 40 садаи XVII дар Вена операи ?дарбор?? ба ву?уд омад. Дар са?наи театри император? (соли таъсисаш 1652, ?оло Бургертеатер) опера?ои бастакорони италияв? (А. Чести, Н. Порпора, А. Салйери ва дигар) гузошта мешуданд. Дар садаи XVII суруд?ои ба ном ?демократ?? ва муси?ии соз? инкишоф ёфт. Дар байни композиторони бузурги садаи 18 И. Фукс мав?еи намоён дорад. Комёбии олитарини маданияти муси?ии Утриш дар давраи маорифпарвар? бо равияи классикии Вена (аз нимаи дуюми садаи XVIII) ало?аманд аст, ки асосгузори он К. В. Глюк, И. ?айдн, В. А. Мотсарт ва Л. Бет?овен буданд. Ф. Шуберт дар нимаи якуми садаи XIX саромади равияи романтик? дар муси?ии Утриш гардид. Намояндаи романтизми сон? Г. Волф дар нимаи дуюми садаи XIX жанри сурудро инкишоф дод. Композитори бар?астаи симфониянависи утриш? А. Брухнер ?амро?и бастакори немис И. Брамс дар инкишофи муси?ии симфонии Европа на?ши му?им бозид. Утриш ватани валс аст (асри 19, Й. Ланнер ва авлоди Штраус?о). Дар аср?ои 19 — 20 маш?уртарин намояндаи муси?ии симфонии Вена Г. Малер буд, ки ?оя?ои инсонпарвар? ва навоварии ? ба инкишофи жанри симфон? таъсири калон расонданд. Аз ?унармандони замони охири санъати муси?? Й. Завинула (намояндаи поп ва рокмуси??) ва Томас Ланг (соз?ои зарб?) хеле маш?уранд. Ду ?анги ?а?ониро паси сар карда театр дар Утриш асоси э?ёи р??ии мамлакат гардид. Соли 1920 дар Залтсбург Фестивали якуми байналхал?ии театр кушода шуд, ки онро ?Маккаи театр??-и Европа меномиданд. Режиссёр М. Рейнхардт анъана?ои театри хал?ии утриши?о ва театри калисоиро ба ?ам оварда, дар ?Театер ин дер Йозефштадт?-и Вена татби? кард ва ин услуб то ба имр?з рои? аст (режисёр Х. Лонер). ?Пйеса?ои хал???-и Э. фон Хорват, Ф. Чокора, Ф. Хохвелдер, драма?ои пурэ?тироси Ф. Верфел, Ф. Брукнер, пйеса?ои психологии А. Шнитслер, мистерия?ои Гофманстал, Ф. Браун, А. Беннинг дар да?солаи охири садаи XX дар ?а?он эътироф шудаанд. Дар Утриш санъати балет низ хеле инкишоф ёфтааст (аз садаи XVI маншаъ мегирад). Дар са?наи ?Театер ан дер вин?, ?Фолксопер? асар?ои бузурги ?а?он? гузошта мешаванд. ?унармандони маш?ури со?аи балет оила?ои Френсл, Биркмайер, Музил, Э. Брекснер. мебошанд. ?амаи ша?р?ои калони Утриш театр?ои худро доранд.

Кино Аввалин кинотеатр дар Вена соли 1903 кушода шудааст. Режиссёрон А. Колм ва Я. Флек нахустин филм?ои к?то?метражи худро та?ия кардаанд. Нимаи аввали сол?ои 20 садаи XX санъати кинои Утриш р? ба тара??? ни?од (?Шо?зода ва Гадо?, 1920; ?Самсон ва Далила?, 1922); сол?ои 30 филм?ои муси?? та?ия мешуданд (?Му?аббати бузург?, 1932). Сол?ои ?асби Утриш аз ?ониби Германия исте?соли филм?о ?атъ гардид, вале баъди ?анги дуюми ?а?он? аз нав нер? гирифт. Мисли пештара бештар филм?ои муси??, баъдтар филм?ои тар?умаи?ол?, мелодрама?о, филм?ои маз?акав? ва детектив? наворбардор? мешуданд. Сол?ои 60 садаи XX со?а каме таназзул карда, сол?ои 70 — 80 боз равна? ёфт (филм?ои ?Афсона?ои бешазори Вена?, 1979, режиссёр М.Шелл; ?Ралф?, режиссёр К. Бергер, ?Кишвари дур?, режиссёр Л. Бонди). Максимилиан ва Мария Шелл, О. В. Фишер, Р. Шнейдер, Х. Бергер актёрони шу?рати ?а?онидоштаи санъати кинои Утриш мебошанд. Филм?ои маш?ури сол?ои охир: ?Бози?ои шав?овар? (1957), ?Пианинонавоз? (2001). Дар ша?ри Велси Утриш ?ар сол ?Р?з?ои кинои Утриш?, дар Вена кинофестивал?ои байналхал?? гузаронида мешаванд. Яке аз бузургтарин осорхонаи санъати кинои Европа ва киноархиви Утриш дар Вена ?ойгир аст.

Салковский О. В., Утриш, М., 1959; Страны и регионы мира 2003: экономико-политический справочник (под ред. А. С. Булатова), М., 2003; Новая Российская Энциклопедия, М., 2005; Страны мира, М., 2008.

Ин?оро ?ам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор мавод?ои вобаста ба мавз?и
Утриш дорад
耘字五行属什么 pp和pc材质有什么区别 麦粒肿滴什么眼药水 宫外孕有什么危害 什么身是胆
种植牙有什么危害 金银花和什么搭配喝好 伤骨头了吃什么好得快 缅铃是什么 咽炎用什么药好
黑彩是什么 药流吃什么药 缺失是什么意思 梦见自己丢钱了什么征兆 降血压吃什么
灌肤是什么意思 湿气重是什么原因引起的 碘伏和酒精有什么区别 y谷氨酰基转移酶高是什么原因 d2聚体高是什么意思
gdp是什么helloaicloud.com 走四方是什么生肖gysmod.com cordura是什么面料hcv8jop5ns8r.cn 一眼万年是什么意思hcv7jop5ns6r.cn 外阴白斑是什么hcv9jop8ns2r.cn
胡萝卜是什么科hcv8jop3ns9r.cn cpc是什么hcv9jop4ns1r.cn 发物都有什么hcv8jop7ns3r.cn 舌苔黄腻厚是什么原因hanqikai.com 例假少是什么原因hcv9jop2ns8r.cn
白鸭是什么鸭hcv9jop0ns6r.cn 霉菌性阴炎是什么原因引起的女hcv9jop0ns1r.cn 梦到牛是什么意思hcv8jop8ns2r.cn 老鸹是什么鸟hcv7jop9ns0r.cn 战国时期是什么时候hcv8jop1ns2r.cn
脚背痛什么原因引起的hcv8jop9ns9r.cn 滚去掉三点水念什么xinjiangjialails.com 软饮料是指什么shenchushe.com 静脉注射是什么意思hcv8jop1ns5r.cn 内伤湿滞什么意思hcv9jop3ns6r.cn
百度